casino malaysia
casino malaysia
Рушди таҳқиқоти масоили фалсафии дин дар замони Истиқлоли давлатӣ

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
  Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати фарҳангсолор ва баруманди Тоҷик аст,ки баъд аз сафҳаҳои тираву тори таърих ва истисмору истибдоди сарзамини аҷдодии мо аз ҷониби аҷнабиён чи басо рӯзҳои талху сангин ва хисороти моддиву маънавиеро дида паси сар намудем,аммо боз ҳам руҳияи озодиву ободӣ ва ливои пешдодиро аз даст наниҳода ба сӯйи ояндаи дурахшоне гом бардошта ин масирро бо вуҷуди монеъаҳову душвориҳояш тай намудем ва билохира фатҳи қуллаи мурод бароямон муяссар гардида гувоҳи он шуд, ки асолати миллии мо ҳамеша ояндасозу ваҳдатофар ва фарҳангсолору илмдӯст аст.
  Маҳз чунин иродаи қавӣ, мақсаду мароми некӯ, дасту дили пок ва азму талоши родмардони фидоии миллати Тоҷик, хоссатан хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - эъмори асосии ин бинои бегазанд буд, ки дар авҷи вартаи ҳалокату суқут тавонист пеши роҳи ин харобиҳоро гирифта рӯ ба рушду тараққӣ ва озодиву ободӣ биёварад,ки ҳамаи ин бемуҳобот аз паёмадҳои фараҳбахш, файзу футӯҳ ва ҷилову дурахши ин хуршеди оламафрӯз-Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст. Қобили зикр аст, ки пешрафту гулгуншукуфоии миллату давлат, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёту маънавиёт шуруъ аз иқтисоду иҷтимоъ, фарҳангу санъат ва илму фан то хурдтарин соҳаи ҳаёт ба оромишу осоиш ва амнияту сулҳу  суботи сартосарӣ дар ҷомеа рабти бевосита дошта чи хурду чи бузург танҳо дар чунин фазои орому осоишта метавонанд, хотирҷамъона пайи касбу кор, таҳсилу омӯзиш ва адои вазифаҳои худ саргарм гардида баҳри тараққиёти боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон ва таҳкими Истиқлоли он саҳми бештаре гузоранд. Пас бо итминони комил метавон афзуд, ки Истиқлоли давлатӣ сарчашмаи ҳамагуна рушду пешравӣ ва такомули давлатдорӣ буда,  кулли дастовардҳои давлату миллат самараи он аст. Зимни  ин пешрафту тозапайкориҳо ва накҳати рӯҳфизою илҳомбахши фазои беғубори Истиқлоли миллӣ  Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ (минбаъд- ИФСҲ  АМИТ) як зумра дастовардҳои назаррасеро ноил гардиданд, ки  минбаъд баҳри такомул ва тақвияту рушди диншиносӣ,  таҳқиқи  масоили фалсафии дин ва дар умум илми Тоҷикистон хидмат хоҳад кард. Қобили тазаккур аст, ки ҳанӯз шуруъ аз солҳои аввали истиқлолият Шуъба пайи таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои муҳим ва лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гомҳои устувор бардошта то кунун ин ҳадафҳо дар ҳоли идома ва пажуҳишу таҳаққуқанд. Масалан аз солҳои 1996-2000 дар мавзӯҳои “Дин ва гуманизм:гузашта ва имрӯза”, 2001-2006 -“Муносибати дин ва давлат дар шароити давлати дунявӣ”, 2006-2010-“Асосҳои назарӣ ва усули амалии таҷдиди шуури динӣ”, 2011-2015-“Ҷаҳонишавӣ ва ислом-(вазъи динии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ)”, 2016-2020-“Таҳлили фалсафӣ-диншиносии мақом ва нақши дин дар давлати дунявӣ”-фаъолияти густурда ва муфиду пурсамар анҷом дода, барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва стратегияи миллӣ дар ин самт заминаҳои илмиро  фароҳам меоварад.
  Мақсад ва вазифаҳои лоиҳаҳо ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон мувофиқат намуда, роҳу воситаҳои асоснок намудани заминаҳои дунявияти давлат, ба манфиатҳои милливу давлатӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ наздик сохтани мафкураи динӣ, ҷанбаҳои муҳими фарҳанги миллӣ, амнияти иттилоотӣ, таърихи фарҳангу ҷаҳонбинӣ  ва воситаҳои аз байн бурдани хурофот ва ифротгароии диниро дар бар мегиранд. Барои равшантар матраҳ намудани ин матлаб ба таҳқиқоти панҷсолаи охири Шуъба назар афканем,мебинем ки омӯзиши усулҳои  методологӣ ва назариявӣ дар мавриди масъалаи ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ ва муносибати давлати дунявӣ бо муассисаҳои динӣ  нишон медиҳад, ки дар ин самт барои Тоҷикистони муосир ҷиҳати омӯхтани решаҳои таърихии асли дунявият ва коркарди консепсияи муносибати оптималии  муассисаҳои диниву давлат дар шароити давлати дунявии типи миллӣ методҳои диалектикӣ, индуктивию дедуктивӣ ва муқоисавию таърихӣ афзалиятнок мебошанд. Ин методҳо барои иҷтимоисозии асли дунявият дар ҷомеаи имрӯза, кушодани моҳияти масъалаи озодии виҷдон, таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ,  меъёрҳои дунявият  хеле самарабахш мебошанд. Инчунин, дар доираи мавзӯъ таҳқиқи пештаърих ва таърихи ташаккулёбии усулу принсипҳои низоми давлати дунявӣ дар Шарқ ва Ѓарб, таърихи дунявият дар кишварҳои Шарқи исломӣ, дар анъанаи гузаштаи давлатдории тоҷикон, муайян намудан ва нишон додани навъу типҳои давлатҳои низоми дунявӣ (масалан, дунявият дар собиқ давлати шӯравӣ) ва муқоисаи онҳо бо модели дунявияти Тоҷикистони муосир дар шароити имрӯза аҳамиятнок  мебошанд. Модели дунявии давлат, ки дар Тоҷикистон бар асоси Конститутсияи кишвар ҷорӣ мебошад, самтҳои асосии муносибати давлат ва муассисаҳои диниро муайян намуда, ба ҳама меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй аст. Он ҳамзамон бо анъанаи гузаштаи ҷомеадорӣ ва диндориву хотираи таърихии мардуми тоҷик зиддият надорад. Принсипи давлати дунявӣ бо таълимоти иҷтимоӣ ва андешаи динии гузаштагони мо мувофиқат дошта, унсурҳои дунявии давлатдорӣ, бинишҳо ва арзишҳои дунявӣ дар таълимоти ҳам фалсафиву иҷтимоӣ ва ҳам дар таълимоти динӣ бараъло намоён мебошанд. Модели дунявии Тоҷикистони муосир ин вижагиҳоро дар бар гирифта, ҷиҳатҳои ба худ хос дорад ва он аз шакли дунявияти дигар кишварҳо, махсусан дунявияти даврони шӯравӣ пурра фарқ мекунад. Таҳиқоти мо дар даврони Истиқлоли давлатӣ собит намуд, ки  дар амалияи гузаштаи давлатдорӣ ва идораи ҷомеа низ, ҳаргиз шакли давлатдории теократӣ ё динмеҳвар дар таърихи ҷомеаҳои мусулмонӣ ва дар давлатдории гузаштаи тоҷикон вуҷуд надоштааст. Инчунин,   пажуҳишҳои мо муайян намуданд, ки низоми дунявияти давлат дар вазъи босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иҷтимоиву фарҳангии замони муосир ва рақобату зиддияти ѓояҳои мухталифи мазҳабӣ воситаи муҳими таъмини принсипи озодии виҷдон, ҳифзи фазои динии суннатии мардуми тоҷик, арзишҳои фарҳангӣ ва суботу оромии он ба шумор меравад Дар даврони  Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳқиқоти Шуъбаи  масоили     фалсафаи дини ИФСҲ  АМИТ пеш  аз ҳама  ҳадафҳои зеринро, ки барои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аҳамияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ доранд, пайгирӣ менамоянд:
- таҳқиқ, таҳлил ва муайян намудани принсипи давлати дунявӣ ҳамчун усули бехтарини муносибати байни муассисаҳои диниву давлат, муайян намудани ҷойгоҳ ва мақоми дин дар давлати дунявӣ, ки он дар навбати аввал ба пайдо намудани муносибатҳои созанда ва оптималии давлат бо  муассисаҳои динӣ ҳамчун яке  заминаҳоии арзишҳои маънавию ахлоқии шаҳрвандони кишвар равона мебошад;
-  нишон додани афзалияти модели дунявии давлат дар таъмини баробарӣ, ҳифзи ҳаққу ҳуқуқҳои пайравони адёни мухталиф ва мафкураҳои гуногун, инчунин воситаи беҳтарини амалисозии принсипи озодии виҷдон чун арзиши умумибашарӣ;
- нишон додани афзалият ва аҳамияти принсипи дунявият барои ҳам муҳити динӣ ва ҳам фазои иҷтимоии Тоҷикистон дар замони муосир;
- пайдо намудан ва нишон додани решаҳои таърихии асли дунявият дар анъанаи гузаштаи  фарҳанги мусулмонӣ ва  инчунин дар таърихи  фарханги  ҷомеадории  тоҷикон ҷиҳати  мувофиқат намудани он ба вазъи  имрӯзаи  кишвар;
- таҳлили ҳаматарафаи модели дунявияти Тоҷикистон ва аз ҷиҳати назариявӣ  ва амалӣ  нишон додани воситаҳои такмилёбии паҳлуҳои консептуалии он.
          Ҳамаи дастовардҳои дар боло зикр гардида нишонаҳои бориз ва гӯёи Истиқлоли кишвари азизамон аст ва аз ҷумлаи воҷиботи ҳар фард аст,ки пайи ҳифзу гиромидошт,таҳкими истиқлоли мамлакат ва ободиву созандагӣ ки омили боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани унсурҳои ин дастоварди беназир аст,саҳмгузор бошад.
 
          Холов Шаҳбоз,
номзади илмҳои фалсафа,
ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia